Хайрулло Мирсаидов: "Ман ҳақ ҳастам ва то охир меравам" САДО

Хайрулло Мирсаидов

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон баъди озодӣ аз зиндон дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, барои пурра "сафед" шудан тамоми талошашро хоҳад кард. Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август Мирсаидовро аз зиндон озод кард, вале ҳамзамон ба пардохти ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.

Худатон тасаввур кунед, баъди ин ҳодисаҳо ман ба наздашон рафта гӯям, ки бачаҳо КВН мекунем, онҳо розӣ мешаванд? Чӣ хоҳанд гуфт?

Хайрулло Мирсаидов гуфт, ки ин ҳукми додгоҳ ҳанӯз ӯро айбдор мешуморад, "дар ҳоле ки ҳеч гуноҳ накардаам". Ӯ афзуд, "мо ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебарем ва то охир меравем. Ҳам ҳукми додгоҳи аввал ва ҳам ҳукми додгоҳи дувум ғайриқонунӣ аст."

Манзур аз додгоҳи аввал Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аст, ки моҳи июли имсол хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд. Додгоҳи дувум Додгоҳи вилояти Суғд аст, ки ӯро аз зиндон озод намуд, вале ба пардохти ҷарима ва корҳои ислоҳӣ масъул кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хайрулло Мирсаидов гуфт, барои пурра сафед шудан кӯшиш мекунад

Хайрулло Мирсаидов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ин ҳол, шоми чаҳоршанбе аз боздоштгоҳ ба хона баргашт ва ҳамроҳи хонавода сари як дастархон ғизо мехӯрад. "Дар тақрибан нуҳ моҳи охир ин лаҳзаҳоро ёд карда карда будам. Ҳамааш бо кумаки хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ шуд. Ман аз ҳамаатон миннатдор ҳастам", - гуфт ӯ.

Дар мавриди инки оё дар ҷараёни тафтиши парванда ва ҳузураш дар боздоштгоҳ болояш фишор буд, ё не, Мирсаидов гуфт: "Ҳеч фишор набуд, чун ҳама медонист, ки ман журналист ҳастам. Боэҳтиёт рафтор мекарданд. Тафтишот кори худро пеш бурд ва ман ҳам мавқеи худро гуфтам".

Хонаводаи Мирсаидов баъди эълони озодии ӯ

Дар посух ба ин суол, ки агар фишори созмонҳои журналистӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон намебуд, имкони раҳоияш вуҷуд дошт ё не, Мирсаидов гуфт: "Рости гап, гуфта наметавонам, ки ман аз зиндон мебаромадам ё намебаромадам. Вале ҳама мегуфтанд, ки фишорҳо аз ҳама тараф барои озодии ман зиёд аст. Ҳатто инро додситону додрас ҳам гуфтанд. Худи ман аз аввал бовар доштам, ки ҳақ ҳастам. Ман пеш аз ҳама ба қонунҳои Тоҷикистон бовар доштам."

Ин хабарнигори тоҷик афзуд, боздошту ҳукми додгоҳ ӯро аз кораш, бахусус ифшои мавридҳои фасоди молӣ бознамедорад. Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, "ифшои фасодкорӣ вазифаи ҳар як хабарнигор аст. Ман ба кори журналистиам идома хоҳам дод".

Аммо дар робита ба имкони бозгашт ба КВН ва дубора фаъол кардани "Маҳфили ҳозирҷавобон" ӯ гуфт, "фикр мекунам, КВН тамом шудааст. Чунки бачаҳо чаҳор сол бе маошу туҳфа ва ҳақмузд танҳо ба хотири муаррифии кишвару миллат дар хориҷа баромад карданд, заҳмат кашиданд. Вале дар пайи қазияи ман онҳо низ ба бозпурсӣ даъват шуданд ва рӯзҳои хубе надоштанд. Худатон тасаввур кунед, баъди ин ҳодисаҳо ман ба наздашон рафта гӯям, ки бачаҳо КВН мекунем, онҳо розӣ мешаванд? Чӣ хоҳанд гуфт?"

ТАФСИЛОТИ БОЗДОШТУ ИТТИҲОМ ВА РАҲОИИ МИРСАИДОВРО ДАР ИНҶО БИХОНЕД:

Хайрулло Мирсаидов аз зиндон озод шуд​

Даъвати 12 созмон ба озодии Хайрулло Мирсаидов​

Ҳукми Мирсаидов: “Ҷомеаи журналистӣ дар интизори адолат фиреб хӯрд”​

Парвандаи Мирсаидов -- сиёсӣ аст ё қаллобӣ?​

Хайрулло Мирсаидов боздошт шуд