Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ки соли равон додрасони тоҷик шумори нисбатан камтари муҷримонро ба зиндон маҳкум кардаанд. Масъулини Додгоҳи олӣ мегӯянд, тарафдори ба зиндон равон кардани ҳамаи гунаҳкорон нестанд. Бо ин ҳама ҳомиёни ҳуқуқ ҳоло ҳам ҳукмҳоро сангин медонанд ва талаб доранд, ки ба ҳангоми содир шудани ҳукмҳо, вобаста ба дараҷаи ҷиноят, додрасҳо аз ҳукмҳои нармтар кор бигиранд.
“Раиси Додгоҳи олӣ: Ҷазоҳо бояд одилона ва қонунӣ бошанд”
Додгоҳҳо ду стандартро истифода мебаранд. Он чиновникҳо ва суду прокурорҳое, ки бо 200-300 ҳазор доллар дастгир мешаванд, онҳоро ҷарима карда ҷавоб доданд. Ҳол онки вазифаи ҷонии онҳо ин буд, ки бар зидди ингуна ҷиноятҳо мубориза баранд
Дар бораи коҳиш ёфтани ҳукмҳои зиндон ахиран Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ зимни ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи ниҳоди зертобеаш хабар дод.
Ӯ гуфт, соли равон додгоҳҳои кишвар 5530 адад парвандаҳои ҷиноятиро баррасӣ карда, танҳо дар нисбати 40 дарсади онҳо ҳукмҳои зиндон содир кардаанд. Ба қавли ҷаноби Шоҳиён, ин омор нисбат ба соли гузашта чаҳор дарсад камтар аст.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон интиқодҳо дар бораи сангинтар шудани ҷазоҳоро бепоя хонд ва гуфт:
“Дастуре, ки аз ҷониби Суди Олӣ дода шудааст, ҷазоҳое ки судҳо бояд таъин кунанд, ҷазоҳои қонунӣ, адолтанок бошанд, ба кирдори содиркардаи гунаҳкор, ба шахсияти ӯ мувофиқ бошад. Дар ягон маврид мо тарафдори он нестем, ки шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, ҳатман нисбати онҳо ҷазоҳои маҳрум кардан аз озодӣ таъин карда шавад.”
Шермуҳаммад Шоҳиён ҳамчунин ба интиқодҳо дар бораи таъини ҷазоҳои сабук барои мақомдорон ё наздикони онҳо посух дод. Ӯ гуфт, ҷазо нисбати ашхоси гунаҳкор сарфи назар аз мақом ва вазъи молиявиаш содир мешавад ва “ҳама дар назди қонун баробар мебошанд.”
“Ҷазоҳои мо мисли дигар кишварҳо аст”
Ҳукмҳои зиндон аз сӯи додгоҳҳо дар ҳоле коҳиш меёбанд, ки ҳанӯз ҳам интиқодҳо аз сангин будани ҷазоҳо дар Тоҷикистон кам нашудааст. Солҳои қабл чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Бунёди ҳуқуқи башари Созмони Милал ваPenal reform international аз Тоҷикистон борҳо даъват кардаанд, ки ҷазоҳои Кодекси ҷиноиро бозбинӣ ва меъёрҳои онро башарӣ (гуманизатсия) кунад. Мақомоти тоҷик низ соли гузашта хабар доданд, ки Кодекси ҷиноиро бозбинӣ доранд ва ҳадафаш башаритар кардани ҷазоҳо мебошад. Бо ин ҳама масъулин интиқодҳо аз сангин будани ҷазоҳоро на дар ҳама ҳолат эътироф мекунанд.
Аз ҷумла Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амният мегӯяд, ҷазоҳо дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо мебошад.
Ҷаноби Қаҳҳоров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Таҷрибаи судӣ чӣ нишон дод? Ҳамон чизро ба назар гирифта ягон тағйиру иловаҳо ворид мешавад. Ҷазоҳои мо чӣ хеле, ки дар дунё дар таҷриба татбиқ мешавад, мо аз ҳамон доира баромадагӣ нестем. Ҷазоҳо дар мо аз дигарҳо сахтар нест ва камтар ҳам нест.”
“Коршинос: Додгоҳ аз рӯи ду стандарт кор мекунад”
Додгоҳи олӣ дар ҳоле иддаои сангин будани ҳукмҳоро рад мекунад, ки ҳуқуқшиносони мустақил ва ҳам хешу наздикони маҳкумшудаҳо аз сангин будани ҷазоҳо дар солҳои охир зиёд изҳори нигаронӣ мекунанд. Бахусус ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чанд парвандаи пурсарусадое мисли қазияи Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва ахиран Хайрулло Мирсаидов нишон медиҳад, ки ҳукмҳои сангин ҳамоно содир ва боиси нигаронии маҳкумшудаҳо мегарданд.
Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҳуқуқи инсон мегӯяд, талошҳои давлат барои сабуктар кардани ҷазоҳо на дар нисбати ҳама баробар татбиқ мешавад ва бисёр вақт меъёрҳои дугона ба кор меравад. Аз як ҷониб, ба қавли хонум Бобоназарова, мақомот мегӯянд, ки ҷазоҳо сабуктар мешавад. Аммо аз сӯи дигар қарорҳое қабул мешаванд, ки хеле сангинт ва номуносиб бо ҷинояти содиршуда арзёбӣ мешаванд. Ин ҳуқуқшиноси тоҷик қазияи Хайрулло Мирсаидов, журналисти маҳкумшуда ба 12 соли зиндонро мисол овард, ки декабри соли 2017 баъди як номаи кушодаш ба унвонии президент дар бораи ҳодисаи талаби ришва боздошт шуда буд. Ойниҳол Бобоназарова гуфт:
“Додгоҳҳо ду стандартро истифода мебаранд. Он чиновникҳо ва суду прокурорҳое, ки бо 200-300 ҳазор доллар дастгир мешаванд, онҳоро ҷарима карда ҷавоб доданд. Ҳол онки вазифаи ҷонии онҳо ин буд, ки бар зидди ингуна ҷиноятҳо мубориза баранд. Аммо ман ҳеҷ намефаҳмам, ки Хайрулло Мирсаидов ин қадар барои ҷомеа ва давлат хатар дорад, ки ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кунанд,” - хулоса кард Ойниҳол Бобоназарова.
Бархе мунаққидон мегӯянд, солҳои охир додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукмҳои сангинро бештар дар нисбати афроде содир карданд, ки дар ҷурмҳои ба истилоҳ сиёсӣ гунаҳгор шуданд ва ин ҳукмҳо ҳам боиси интиқод аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.
Ҷазоҳо ба кадом тараф равонанд?
Ҳарчанд мақомот аз башаритар кардани Кодекси ҷиноӣ ва ҳамин тавр сабук шудани ҳукмҳо хабар медиҳанд, аммо воқеият чизи дигареро бозгӯ мекунанд.
Тоҷикистон тайи ду соли охир ҷазоро барои як зумра ҷиноятҳо сангинтар кард. Аз ҷумла, дар соли 2016 ҷазо барои таҳқири оммавии президент ва ё "Пешвои миллат" сахтар карда шуд ва дар сурати ошкор шудани ин кирдор дар интернет муттаҳамро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Баъдан ҷазо барои кирдори сафедкунии оммавии терроризм, ҷиноятҳои иқтисодие мисли саркашӣ аз пардохти андоз ва гумрук ва фасодкорӣ низ сангинтар шуд.
Ҳуқуқшиносони мустақил мегӯянд, муқаррар шудани ҷазои сангин дар қонунгузорӣ, қадами аввале аст, ки бар асоси он гунаҳкор ҷазои вазнин мегирад. Ба ин хотир ба қавли ҳуқуқшиносон, то вақте Кодекси ҷиноӣ ҷиддан бозбинӣ нашавад, интизори ҳукмҳои сабук аз сӯи додгоҳҳо шудан ғайримантиқӣ аст.