Баъди як гузориши Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб садҳо аломати роҳро, ки қаблан аз тарафи афроди ношинос дуздида шуда буд, дубора барқарор кардаанд. Радиои Озодӣ моҳи феврали имсол гузориш дод, ки дар баъзе аз роҳҳои пурҳаракати минтақаи Кӯлоб нишоне аз аломати роҳ нест ва ронандаҳову мусофирон мебояд аз ҳар роҳгузар пурсанд, ки куҷо раванд, бо чӣ суръат ҳаракат кунанд ваё ба кадом тараф гарданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Аломатҳоро худамон омода мекунем"
Мақомот мегӯянд, дар маҷмуъ, дар роҳҳои минтақа 2000 аломати роҳ намерасид. Баҳрулло Нуруллоев – сардори Идораи нақлиёти минтақаи Кӯлоб – дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз моҳи феврал то охири моҳи май 600 аломати роҳро дуруст кардем ва кор дар ин бахш идома дорад. Бояд ҳарчӣ зуд тамоми аломатҳои роҳ барқарор карда шавад", - гуфт ҳамсуҳбати мо рӯзи 21-уми август.
Нуруллоев афзуд, ин аломатҳои роҳро бо нирӯи худашон омода мекунанд, то харҷи бештар надошта бошад.
"Нарху наво вобаста ба аломати роҳ аз 300 то 400 сомонӣ аст. Мо аломатҳоро худамон омода мекунем. Дар муассисаи роҳҳои Кӯлоб пояи бетониашро мерезем ва аломатро дар он мечаспонем. Дар ғайри сурат, фармоиши он харҷи зиёд дорад. Ба ҳукумати ноҳияҳо низ муроҷиат кардем, то аломати роҳро дар гардишҳои хатарбор худашон омода карда часпонанд", - гуфт сардори Идораи нақлиёти минтақаи Кӯлоб.
"То ин аломату чароғак шуд, ки чанд кас ҷон дод"
Қаблан мақомот дар минтақаи Кӯлоб гуфта буданд, ки даҳҳо аломати роҳро ба далели оҳану алюминиаш сокинон рабудаанд. Дар ин сурат, як ронанда намедонад дар роҳҳо мошинро бо кадом суръат биронад ва ё аз як ноҳия ба ноҳияи дигар чигуна гузарад, бахусус агар зодаи минтақа набошад.
Низом Барот, хабарнигори нашрияи “Нақлиёт” дар минтақа мегӯяд, аломатҳои роҳ баъди чанд соли талошҳо ва марги чанд сокини минтақа насб мешавад. Ӯ гуфт, чанд сол талошҳояш барои насби аломати роҳ ва як чароғак дар баромадгоҳи дарвозаи Кӯлоб натиҷа надода буд ва дар ин муддат чанд нафар, бахсус кӯдакон зери чархи мошин афтида, ҷон доданд.
“Ҳоло ба чанд маҳал рафта дидам, ки аломатҳои роҳ насб шудааст. Дар шаҳр низ аломатҳои нав часпондаанд. Масалан, ҳангоми гузаштан аз роҳ кӯдакон ваё ҳар каси дигар тугмаро пахш мекунад ва мошин дар роҳ меистад. Сипас мардум аз ин тараф ба он тарафи роҳ мегузаранд”, - гуфт ӯ.
Мақомот умед доранд, ин дафъа аломатҳоро касе намедуздад
Онҳое ки дар наздикии баромадгоҳи дарвозаи Кӯлоб зиндагӣ мекунанд, гуфтанд, дар гузашта ронандаҳо ҳар тарзе мехостанд, ё бо суръати баланд ва ё паст, дар ин маҳал мошин меронданд. Ҳоло ба гуфтаи онҳо аломати бузурге насб шудааст, ки ба ронанадаҳо ҳушдор медиҳад, бо суръати 40 биронанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд.
Ҳоло мақомот умед доранд, ки сокинону ронандаҳо заҳмати онҳоро қадр мекунанд ва “умри” ин аломатҳои роҳ дароз хоҳад буд.
Бо вуҷуди онки қаблан мақомот иддао доштанд, даҳҳо аломати роҳ аз тарафи мардум рабуда шудааст, то ба ин дам касе барои ин амал дар минтақаи Кӯлоб ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.