Ронандае барои таҳқири зани раҳгузар даҳ рӯз зиндонӣ шуд

Боздошт барои таҳқири зан

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи душанбе як ронандаи 26 соларо барои ҳақорати зани роҳгузар 10 рӯз аз озодӣ маҳрум кард.

Рӯзи 17-уми август дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” наворе нашр шуд, ки ронандае аз дохили мошин ҷавонзани роҳгузарро ҳақорат медиҳад. Ин ронанда дар аввал аз зани роҳгузар хоҳиш мекунад, ки ба мошини ӯ бишинад, вале бо гирифтани ҷавоби рад, занро ҳақорати қабеҳ медиҳад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як хабар гуфтааст, “ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Лутфуллои Муртазо, сокини 26 солаи шаҳри Ваҳдат буд, ки тариқи мошини «Опел-Астра» ғайриқонунӣ мусофир мекашонд”.

Наворро зоҳиран, яке аз мусофирони савори ин мошин сабт карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

Бар асоси қарори додгоҳ, Лутфуллои Муртазо ба “майдаавбошӣ” муттаҳам шудааст.

Инчунин, ронанда барои “бе иҷозатномаи мақомот ба мусофиркашонӣ машғул шудан бар асоси моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мешавад. Ин банди қонун аз 500 то 1000 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Моҳи гузашта, як гурӯҳ аз занони сокини Душанбе аз муносибати дағал ва бадзабонии ҷавонон ба шаҳрдорӣ шикоят карда буданд. Онҳо дар мактуби худ гуфта буданд, ки “ҷавонони бадахлоқ, ки занону духтаронро бо баддаҳонӣ озор медиҳанд, зиёд шудааст”.