Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон дар суҳбат бо телевизиони ABC News гуфт, ки кишвараш аз дахолати эҳтимолии Чин, Эрон ва Куриёи Шимолӣ ба интихоботи Амрико нигарон аст.
Ба гуфтаи Болтон, ИМА барои нигаронӣ дар ин бобат асосҳои кофӣ дорад. Бинобар ин, Вашингтон барои пешгирӣ аз дахолати Пекин, Теҳрон ва Пхенян тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Президенти ИМА Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ҳамаи онҳое, ки Русияро таъқиб доранд, бояд бидонанд, замони назорати ҷониби дигар - Чин низ фаро расидааст.
Дар ҳамин ҳол, вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф ИМА-ро ба ташкили "гуруҳи амал"-е гумонбар кард, ки ба гуфтаи ӯ, бо сарнагун кардани ҳукумат дар ин кишвар машғул хоҳад шуд. Зариф дар ин бора дар Твиттер изҳори назар кард.