Меркел: Украина дар содироти газ нақши муҳим дошта бошад

Ангела Меркел ва Владимир Путин

Ангела Меркел – садри аъзами Олмон – гуфт, ки Украина дар содироти газ ба Аврупо бояд нақши муҳим дошта бошад.

Ӯ рӯзи 18-уми август гуфт, аз музокирот дар мавриди ин масъала байни Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва Украина истиқбол мекунад. Изҳороти Ангела Меркел баъди мулоқот бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин садо дод.

Путин дар навбати худ гуфт, ки содироти газ ба Аврупо аз лиҳози тиҷоратӣ дар назди Маскав аҳамият дорад. Ӯ гуфт, “тарҳи “Пайплайн Норд Стрим 2” аз лиҳози иқтисодӣ як пружаи комил аст. Ин пружа дар давоми интиқоли гази Русия аз тариқи хоки Украина кадом таъхирро ба миён намеовард. Ман дар ин маврид мавқеи садри аъзами Олмонро дарк мекунам, ки батакрор ин масъаларо матраҳ мекунад.”

Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо тарҳи “Пайплайн Норд Стрим 2” мухолфиат дорад ва даъво мекунад, ки ин пружа вобастагии Олмонро ба гази табиии Русия зиёд месозад.

Тарҳи “Пайплайн Норд Стрим 2” бар иловаи инки гази табиии Русияро аз қаламрави Украина интиқол медиҳад, ин гази табииро ба Олмон ҳам мерасонад.