Дар Узбекистон ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” дода шуд. Ин ҷоизаро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бегоҳи 17-уми август дар барномаи “Шоми дӯстӣ”-и Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Тошканд тақдим кард.
Дар фармони раиси ҷумҳури Узбекистон дар ин замина гуфта шудааст, ки орден “барои саҳми сазовор дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва, инчунин, ташаббусҳои самарбахш барои таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа” ба президенти Тоҷикистон дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ин орденро, воқеан, туҳфаи ғайриинтизор донист. Ӯ гуфт, бояд чунин орденро Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев медод.
Президент Раҳмон гуфт, “аз самими қалб миннатдорӣ мекунам. Шавкат Мирамоновичи азиз, ман бояд барои сафари таърихӣ ва иродаи сиёсиятон аз шумо чунин қадрдонӣ мекардам. Шумо бо як сафар тақрибан 90 дарсади масъалаҳои дар 25 соли охир ҳалнашударо ҳал кардед. Шумо ба чунин ҷоиза арзандаед”.
Шавкат Мирзиёев моҳи марти имсол бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омада буд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми август бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафт. Дар ҷараёни сафари ӯ ба Тошканд 26 санад, аз ҷумла созишномаи шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон имзо шуд.
Ин сафари нахустини давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон дар бист соли охир аст.