Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи 18-уми август бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дидор хоҳад кард. Расонаҳои олмонӣ мегӯянд, Путин ғолибан дар меҳмонхонаи ҳукуматӣ дар атрофи шаҳри Берлин бо Меркел гуфтугӯ мекунад.
Садри аъзами Олмон як рӯз пеш дар мавриди дидор бо раиси ҷумҳури Русия ба хабарнигорон гуфт, “мо хоҳони равобити нек бо Русия ҳастем. Рӯшан аст, ки дидори мо бахше аз он равобит ба шумор меравад. Ин як мулоқоти корӣ буда, ҳеҷ гуна натиҷаи хосеро аз он интизор надорем. Аммо шуморе аз мушкилот, монанди вазъияти Украинаву Сурия ва ҳамкории иқтисодӣ қисмате аз гуфтугӯҳои доимии моро ташкил медиҳанд.”
Ангела Меркел мегӯяд, дар дидор бо Владимир Путин дар мавриди имконоти беҳбуди равобити байналмилалӣ низ субат хоҳанд кард.
Бино ба гузоришҳо, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, пас аз дидор бо садри аъзами Олмон барои иштирок дар маросими арӯсии вазири умури хориҷии Австрия ба Вена хоҳад рафт.
Зимнан, сухангӯи ҳукумати Олмон рӯзи 17-уми август гуфт, Ангела Меркел баъди дидор бо Путин, панҷшанбеи ҳафтаи оянда ба Озарбойҷону Гурҷистон ва Арманистон – се кишвраи Қафқоз – хоҳад рафт.