Баъди як ҳафтаи ҳамлаи ғайриинтизори Толибон ба шаҳри стратегии Ғазнӣ, пойтахти вилояти ҳамном ва ишғоли чанд ноҳияи ҳамсоя, президенти Афғонистонба ин минтақа рафт.
Ашраф Ғанӣ ба ин шаҳр, ки Толибон ҳанӯз дар канораҳои он мавқеъ гирифтаанд, рӯзи 17 август бо чархбол сафар кард.
Биноба гузоришҳо, замоне, ки Ғанӣ бо пирони минтақа дар назидкии масҷид сӯҳбат мекард, Толибон ба сӯи шаҳр ду мушак партоб карданд. Мушаки сеюм дар назди рӯдхона афтид. Дар ин ҳамла касе осеб надид.
Чанд соат пеш аз сафари ғанӣ ба Ғазнӣ вазири дифои Амрико Ҷон Мэттис дар Колумбия гуфт, ки баъди ақибнишинии ҷангиёни Толибон ба канораҳои шаҳр вазъ дар Ғазнӣ "нисбатан муътадил" шудааст.
Мэттис ҳамчунин гуфт, ки Толибон дар ростои оташбасе, ки ҳукумати Афғонистон пешниҳод кардааст ва интихобот, ки ба моҳи октябр баргузор мешавад, мехостанд мавқеи худро мустаҳкам кунанд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ҳамлаи ахири Толибон ба Ғазнӣ беш аз 100 сарбози нерӯҳои амниятии Афғонистон ва наздик ба 30 шаҳрванди мулкӣ кушта шуд. Мақомот теъдоди хисороти ҷонии Толибонро низ бисёр зиёд арзёбӣ мекунанд.