Ду миллион мусалмон барои маросими ҳаҷ ба Саудӣ мераванд

Арабистони Саудӣ - Зоирон дар маросими Ҳаҷ

Интизор меравад, ки ҳафтаи оянда аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ 2 миллион мусалмон аз саросари ҷаҳон барои иҷрои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ҷамъ мешаванд.

Маросими ҳаҷ - яке аз панҷ рукни муҳими Ислом аст, ки аз 19 то 24 август баргузор мешавад. Дар маросими ҳаҷи соли 2018 аз ду 2 миллиард мусалмони ҷаҳон - ду миллион нафар иштирок мекунад.

Ҳаҷ барои мусалмонон фарзест, ки ҳар фарди тавонманд бояд дар тӯли ҳаёташ як бор анҷом диҳад.

То 16 август аллакай беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар ба Арабистони Саудӣ расиданд. Ҳузури ҳазорҳо мусалмон аз ҳар гӯшаи дунё, ки ранги либосҳояшон аз як дигар фарқ мекунад, дар Макка дида мешавад.

Баъзе зоирон хешовандони нотавони худро бо аробаҳо ба зиёрат оварданд ва баъзеи дигар ба хонаҳояшон занг мезананд, то ҳузури худро дар ин макони муқаддас ба наздиконашон нишон диҳанд.

Барои бисёр зоирон ин бори аввал аст, ки аз хонаҳои худ дур шудаанд.

Соли равон Арабистони Саудӣ бо раҳандозии "Ҳаҷи ҳушманд" кори зоиронро осон кард. Онҳо дар тӯли сафар маконҳои зарурӣ ва хадамоти тиббиро тавассути апликейшенҳо дастрас мекунанд.