Петагон мегӯяд, ки Чин барои ҳамла ба ИМА омодагӣ мегирад

Сарниши ҳавопаймои ҷангии Чин

Пентагон мегӯяд, ки низомиёни Чин дар се соли ахир ба таври афзоянда бо ҳавопаймоҳои бомбаандоз тамрин анҷом медиҳанд ва ин метавонад аломате бошад, ки Чин барои зарба задан ба ИМА ва шириконаш омодагӣ мегирад.

Дар гузорише, ки рӯзи гузашта дар саҳифаи Вазорати дифои Амрико нашр шуд, гуфта мешавад, ки Чин имкони "маҳви ҳадафҳо"-и фаротар аз қаламрави худро ламс мекунад. Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, ки Пекин дар ин авохир тамиринҳоеро дар қисматҳои мушкили баҳр анҷом медиҳад, то шеваи зарба задан ба пойгоҳҳои ИМА дар Уқёнуси Оромро омӯзад.

Моҳи майи соли равон Пекин бомбаандозҳои стартегиашро, ки аз тавони бардошти силоҳи ҳастаӣ бархурдор ҳастанд, ба бахшҳои баҳсноки баҳри Чини Ҷанубӣ фиристод. Низомӣ шудани минтақа Амрикоро нигарон кардааст.

Равобити Чину ИМА дар заминаи ба истилоҳ "ҷанги тиҷоратӣ" танишзо шудааст.Тавре интизор меравад, то охири моҳи равон намояндагони ду кишвар равобити иқтисодияшонро дар Вашингтон баррасӣ мекунанд.