Тамрини муштараки марзбонони тоҷик ва узбек дар Шаҳритус

Марзбонони тоҷик ва узбек дар шаҳри Душанбе роҳҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир ва силоҳ аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамдигарро баррасӣ карданд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтои узбекаш Руслан Мирзоев дар ин дидор, ки рӯзи гузашта сурат гирифт, ҳамзамон масоили пешгирӣ аз вуқӯи қазияҳои марзӣ дар марзи ду кишварро низ баррасӣ карда, созишномаи ҳамкорӣ миёни нерӯҳои марзбонии ду кишварро имзо карданд.

Манобеи ғайрирасмӣ дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ин сӯҳбат, ки паси дарҳои баста ҷараён доштааст, ҷонибҳо ҳамзамон масоили поксозии минтақаҳои марзии ду кишвар аз минаҳое, ки дар гузашта ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди афроди ҷиноятпеша гузошта шуда буданд, баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ду кишвар дирӯз дар тамрини муштараки марзбонони Тоҷикистону Узбекистон дар минтақаи Шаҳритузи вилояти Хатлон ширкат кардаанд.

Ҳадафи ин тамрин сайқал додани маҳорати марзбонони ду кишвар дар муқобала аз вуруди нерӯҳои террорист ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир ва аслиҳа унвон шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин тамринот бархе аз воҳидҳои нерӯҳои марзбонии ду кишвар, мошинҳои ҷангӣ ва нерӯҳои ҳавоиву қаиқҳои марзбонии ду кишвар ширкат кардаанд.