Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 17-уми август бо як сафари давлатӣ озими шаҳри Тошканд пойтахти Узбекистон шуд. Дафтари матбуоти раисҷумҳур бо нашри ин хабар гуфт, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон ду рӯз давом мекунад. Дар ин сафар раисҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд дидан хоҳад кард. Дар фурудгоҳи Тошканд президенти Тоҷикистонро Шавкат Мирзиёев, ҳамтои узбекаш истиқол кард.
Пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд
Ду рӯз пеш Комил Алламҷонов, сухангӯи президенти Узбекистон, дар як баёнияи расмӣ гуфт, сафари президент Раҳмон аз гулгузорӣ бар пояи ҳайкали "Мустақиллик" ва мулоқот бо Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи Куксарой оғоз хоҳад ёфт. Ӯ гуфт, мулоқот аввал дар шакли як ба як ва сипас дар доираи васеъ баргузор мешавад.
Комил Алламҷонов мегӯяд, ду тараф масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсату тиҷорат, иқтисод, нақлиёту мухобирот, фарҳанг ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард. "Дар поёни гуфтугӯ имзои чанд санад, ки ҳамкории Тоҷикистону Узбекистонро тақвият бахшида, ба сатҳи нав хоҳад баровард, дар назар аст", - гуфтааст Алламҷонов.
Сухангӯи президенти Узбекистон мегӯяд, дар нимаи дувуми 17-уми август дар "Узэкспоцентр" намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон баргузор мешавад. "Инчунин, интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи "Артел" дар Тошканд биравад", - афзудааст ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми август бо Нуриддин Исмоилов, раиси порлумон ва Абдулло Орифов, нахуствазири Узбекистон мулоқот хоҳад кард. Ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд рафта, аз маҳалҳои таърихӣ дидан хоҳад кард. Комил Алламҷонов гуфтааст, ин барномаи сафари давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон аст ва эҳтимол метавонад баъзе тағйирот ворид шавад.
Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст. Ӯ моҳи сентябри соли 2016 барои иштирок дар маросими дафни Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, ба Самарқанд рафта буд.
Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон сафари ҷавобӣ ба меҳмонии Шавкат Мирзиёев аст, ки рӯзи 9-уми март ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни сафари, ба қавли мақомот, таърихии Мирзиёев ба Душанбе 27 санаду созишнома имзо гардид, ки аз ҷумла ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ дод, бидуни виза то сӣ рӯз ба қаламрави якдигар равуо кунанд.