Дар баҳси тоҷикҳову арманиҳо як сокини Ҳамадонӣ ҳалок шуд

Рустамҷони Хайрулло

Дар баҳси муҳоҷирони тоҷику арманӣ дар наздикии истгоҳи метрои Алексеевская (шаҳри Маскав) як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон кушта шудааст. Масъулони намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ҳодиса шаби 14-уми август рух дод.

Иброҳим Аҳмадӣ – сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Рустамҷони Хайрулло аз зарби корди як муҳоҷири арман сахт захмӣ шуда, дар бемористони рақами 71-и Маскав ҷон додааст. Ӯ 25 сол дошт.

Аҳмадӣ гуфт, “ҳодиса дар ҳаммоми коргоҳи муҳоҷирон, воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои Алексеевская ба амал омадааст. Муҳоҷирони тоҷику арманӣ пас аз кор шустушӯ мекардаанд. Миёни як тоҷик ва арманӣ ҷанҷоли лафзӣ ба амал меояд. Арманӣ Рустамҷони Хайруллоро бо корд мезанад”.

Ба қавли манбаъ, сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия қазияро ҷиддӣ пайгирӣ доранд. “Кормандони сафорат ва намояндагӣ аз беморхона ва Кумитаи тафтишотии ноҳияи Кунтсево дидан карданд. Муҳоҷири арман дастгир шуда, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 105-и қонуни ҷиноӣ парванда боз шудааст”, - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъ Иззат Амон дар саҳифааш дар Фейсбук гуфтааст, ки ҷасади Рустамҷони Хайрулло дар бемористони метрои Алексеевская қарор дорад ва аз наздкионаш хостааст, ӯро бигиранд. Вай инчунин иддао кардааст, ки пулис мехоҳад, гумонбар дар қатли муҳоҷири тоҷикро раҳо кунад.