Як сокини Узбекистон, ки дар ИМА бо ҷурми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои тундгаро зиндонӣ шуда буд, боз барои 20 соли дигар маҳкум ба зиндон шуд.
Ҳукми Фазлиддин Қурбоновро додгоҳи Лос-Анҷелеси ИМА рӯзи 14 август содир кард. Ба иттилои додситонҳо, Қурбонов моҳи майи соли 2016 корде сохта, ба нозири зиндони Викторвиллии аёлати Калифорния ҳамла кардааст.
Ба иттилои додситонӣ, дар ҷараёни муҳокимаҳои додгоҳӣ Фазлиддин Қурбонов нисбати Амрико "изҳори душманӣ" кардааст. Моҳи марти соли ҷорӣ Қурбонов эътироф кард, ки қасди кушторро дошт.
Келвин Ҷонсон, нозири зиндон баъди ҳамлаи Қурбонов ҷароҳати вазнин бардошт, аммо зинда монд. Мақомоти зиндон гуфтанд, аз ҳамлаи Қурбонов дар баробари Ҷонсон боз ду нозири дига ҷароҳат бардошт.
Фазлиддин Қурбонов моҳи январи соли 2016 аз сӯи додгоҳи ИМА бо ҷурми талоши кумаки молӣ ба гуруҳи "Ҳаракати исломии Узбекистон" 25 сол зиндонӣ шуд. "Ҳаракати исломии Узбекистон" дар Амрико ва чанд кишвари дигар созмони террористӣ эътироф шудааст. Мақомоти ИМА гуфтанд, ки Қурбонов пеш аз боздошташ дар соли 2013, барои сохтани дастгоҳи тарканда лавозимоти зарурӣ пайдо карда, ният дошт дар ҳудуди Амрико таркиш роҳандозӣ кунад.