Баррасии шикояти кассатсионии журналист Хайрулло Мирсаидов то як ҳафтаи дигар мутаваққиф шуд. Қарор буд субҳи 15 август додгоҳи вилояти Суғд ба баррасии шикояти кассатсионии раҳбари гурӯҳи КВН-и маҳкумшуда ба 12 соли зиндони низомаш сангин шурӯъ кунад, вале субҳи чоршанбе мурофиа баргузор нашуд ва то 22 август мутаваққиф шуд.
Мавзӯи баҳс– норизоияти Мирсаидов аз ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд аст, ки рӯзи 11 июл Мирсаидовро ба "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" гунаҳгор эълон кард.
Дилафрӯз Самадов, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 15 август аз шаҳри Хуҷанд гуфт:
“Мурофиа ба рӯзи чоршанбеи оянда, соати 10 гузаронида шуд. Котиби додгоҳи вилояти Суғд сабаби ин тасмимро чунин шарҳ дод, ки яке аз судяҳои парвандаи Хайрулло қаблан ҳангоми интихоби чораи пешгирӣ дар мурофиа иштирок карда буданд. Бо сабаби аз ширкат дар мурофиаи кассатсионӣ номзадиашро берун кашидани ин судя, ин парванда ба судяи дигар вобаста карда шуд. Бо назардошти ин ҳолат, парванда ба хотири омӯзиши судяи дигар то як ҳафтаи дигар мутаваққиф мешавад”.
Ба гуфтаи Самадова, судяе, ки ҳангоми содир шудани қарор дар заминаи интихоби чораи пешгирӣ – ҳабс дар парванди Мирсаидов ширкат кардааст, барои ширкат дар баррасии кассансионӣ таъин шуда буд. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, ба гуфтаи вакили дифоъ, ҳар судяе, ки дар кадом бахши ин парванда дар мурофиаи пешина иштирок кардааст, иҷозати ширкат дар мурофиаҳои ояндаро надорад. Ӯ гуфт, ки чунин талабот ба хотири таҳияи заминаҳои объективии баррасии парванда дар зинаи дигари додгоҳӣ амал мекунад. Ҳоло, гуфт Самадова, баробари маълум шудани ин воқеият, ки як судя дар марҳилаҳои гузаштаи парвандаи Мирсаидов ширкат кардааст, қарор ин шуд, ки баррасии парванда як ҳафта баъд баргузор шавад.
Ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар нисбати Мирсаидов то ҳол мавриди интиқод ва таваҷҷӯҳи вижаи кишварҳои ғарбӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва озодии баён шудааст.
Дар як изҳоротааш рӯзи 14 август сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт изҳори умедворӣ кард, ки Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми мусбат содир мекунад ва пуштибонӣ аз Хайрулло Мирсаидов нишонаи он хоҳад буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ришвахорӣ муборизаи ҷиддӣ мебарад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:
"Шояд ин парванда ангезаи сиёсӣ надошта бошад, аммо ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор бояд дарк намоянд, ки ин парванда барои тақвияти мубориза бар зидди ришвахӯрӣ, манфиати бунёди ҷомеаи демократӣ ва беҳтар намудани фазои рушди иқтисодие, ки Тоҷикистон талоши онро дар ин вақтҳои мушкил дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим мебошад".
Рӯзи 13 август дар изҳороте, ки аз номи 12 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон нашр шуд, аз дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тақозо шуд, ки ба озод шудани журналист Хайрулло Мирсаидов аз зиндон пофишорӣ кунанд. Дар изҳорот аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо шуд, ки дар остонаи бозбинӣ шудани парвандаи Мирсаидов дар додгоҳи таҷдиди назар, аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайдушарти журналист ва эҳтиром ба озодии баён тақозо шавад. Зери ин изҳорот 12 созмон, аз ҷумла, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Freedom House, Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинк, Гузоришгарони бидуни марз, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (NANSMIT) ва дигарҳо имзо гузоштаанд.
Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир шуд, ки дар як изҳороташ дар интернет иддао кард сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода ин иттиҳомро як тӯҳмат номид ба аз болои Мирсаидов ба додгоҳ шикоят бурд.
Баъди содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи июл, хонаводаи Мирсаидовҳо гуфтанд, ки ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд. Ин маблағро додгоҳ дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр карда буд.
Онҳо гуфтанд, бо вуҷуди он ки оила гунаҳгор будани Мирсаидовро эътироф намекунад, ба хотири озодии журналист тасмим гирифтанд маблағро пардохт кунанд. Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, агар ҷиноят молӣ бошад, фарди гунаҳкор дар сурати ҷуброн кардани хисорот аз зиндон озод мешавад.
Баъди содир шудани ҳукм ва шикояти кассатсионӣ, Хайрулло Мирсаидов дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.