Муроҷитномаи сафири Бритониё дар робита ба парвандаи Мирсаидов

Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Тоҷикистон.

Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Тоҷикистон рӯзи 14-уми август дар остонаи бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, бо нашри як муроҷиатнома, назароти худро дар робита ба парвандаи пурсарусадои ин рӯзноманигори тоҷик, баён кард.

Баррасии шикояти Хайрулло Мирсаидов дар додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 15-уми август шурӯъ шуда, чанд рӯз идома мекунад. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11-уми июл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Мирсаидов ба "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ", муттаҳам дониста мешавад

Дар ин изҳороти худ сафири Бритониё изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳукми мусбати Додгоҳи вилояти Суғд ва пуштибонӣ аз Хайрулло Мирсаидов, нишонаи он хоҳад буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ришвахорӣ муборизаи ҷиддӣ мебарад.

"Шояд ин парванда ангезаи сиёсӣ надошта бошад, аммо ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор бояд дарк намоянд, ки ин парванда барои тақвияти мубориза бар зидди ришвахӯрӣ, манфиати бунёди ҷомеаи демократӣ ва беҳтар намудани фазои рушди иқтисодие, ки Тоҷикистон талоши онро дар ин вақтҳои мушкил дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим мебошад",-омадааст дар изҳороти сафири Бритониё дар Тоҷикистон.

Ҳю Филпотт айни замон гуфтааст, ки раҳоии Хайрулло Мирсаидов, ки номаи ӯ ба президент дар бораи ришвахории бархе мақомот боиси боздошт ва ҳабси ӯ шуд, эътимоди мардумро ба ҳукумат зиёд хоҳад кард. Ба гуфтаи сафири Бритониё, ҳамчунин ин метавонад боиси афзоиши пуштибонии манфиатҳои Тоҷикистон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ шавад.

Рӯзи гузашта ҳам дар як изҳороте, ки аз номи гурӯҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон нашр шуд, аз дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тақозо шуда буд, ки ба озод шудани журналист Хайрулло Мирсаидов аз зиндон пофишорӣ кунанд. Дар изҳорот аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо шудааст, ки дар остонаи бозбинӣ шудани парвандаи Мирсаидов дар додгоҳи таҷдиди назар, аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайдушарти журналист ва эҳтиром ба озодии баён тақозо шавад.

Зери ин изҳорот 12 созмон, аз ҷумла, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Freedom House, Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинк, Гузоришгарони бидуни марз, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (NANSMIT) ва дигарҳо имзо гузоштаанд.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир шуд, ки дар як изҳорот дар интернет иддао кард, ки сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад.