Рӯзи якшанбе дар Вашингтон ду гурӯҳи эътирозгарон - ҷонибдорони ақидаи бартарии сафедпӯстон ва мухолифони онҳо - роҳпаймоӣ карданд. Пулис ба хотири пешгирӣ аз занозании эътирозгарон чораҳои амниятиро шадид кард.
Ширкатдорони ҳар ду эътироз дар як кӯча роҳпаймоӣ карданд ва пулис онҳоро аз ҳам ҷудо кард.
Эътирозҳфо дар Вашингтону Вирҷиния дар нахустин солгарди тазоҳуроти миллатгароёни сафедпӯст дар иёлати Вирҷиния, баргузор шуданд.
Созмондиҳандаи эътирозҳои соли гузаштаи Вирҷиния Ҷейсон Кесслер ваъда кард, ки рӯзи якшанбе ба ҳимоят аз "ҳуқуқҳои шаҳрвандии сафедпӯстон" роҳпаймоӣ баргузор хоҳад кард. Мақомоти шаҳри Вирҷиния ба ӯ иҷозаи баргузории роҳпаймоиро надоданд.