Аз 31 октябри соли равон фурудгоҳи "Отатурк"-и шаҳри Истамбули Туркия қабули мусофиронро қатъ мекунад ва ҳамон рӯз фурудгоҳи нав ба кор медарояд.
Масоҳати фурудгоҳи нав 76,5 миллион ва саҳни терминал ҳудуди 1,6 миллион метри мураббаъ аст. Мақомоти Туркия ҳоло номи онро эълон накарданд.
Фурудгоҳи "Отатурк" аз 31 октябр танҳо ҳавопаймоҳои хидматӣ, хусусӣ ва боркашро қабул мекунад ва фаъолияти он дар оянда комилан қатъ мешавад.
Тасмими бунёди фурудгоҳи нав ва қатъи фаъолияти "Отатурк" дар ҳоле гирифта шуд, ки ин шохаи муҳими парвозҳои байни давлатҳо дигар имкони тавсиа надорад. Соли 2017 "Отатурк" ба беш аз 32 миллион мусофир хидмат расонд.