Дар 8 моҳи ахир беш аз 16 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, аз аввали соли ҷорӣ 16 324 шаҳрванди собиқи Тоҷикистон шиносномаи Федератсияи Русияро дарёфт кардаанд. Ин манбаъ афзудааст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ дар заминаи дарёфти шаҳрвандии Русия баъд аз Украина ва Қазоқистон дар мавқеи севум қарор дорад.

Ба иттилои ин вазоратхона, аз аввали соли ҷорӣ ба Русия 551 504 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта камтар мебошад. Дар ҳаин давра аз Узбекистон ба Русия дар ҷустуҷӯи ҷойи кор 1 116 598 нафар ворид шудаанд.