Даҳҳо нафар, асосан кӯдакон, дар пайи ҳамлаи ҳавоии эътилофи таҳти назари Арабистони Саудӣ ба вилояти Саадаи Яман кушта шуданд. Дар ин бора Созмони Байналмилаии Салиби Сурх рӯзи 9 август хабар дод.
Ин созмон мегӯяд, як ҳамла мусофиркашеро ҳадаф қарор дод, ки кӯдаконро ба бозори Даҳян, воқеъ дар шимоли Саада мебурд. Бемористонҳои атроф даҳҳо куштаву захмиро қабул карданд,- мегӯяд Созмони Байналмилалии Салиби Сурх.
Эътилофи таҳти назари Саудӣ, бо пуштибонии Ғарб, алайҳи шӯришгаронӣ Ҳусӣ, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад мубориза мебарад. Ин эътилоф дар як изҳорот гуфт, ҳамла пойгоҳи мушкапандозиро ҳадаф қарор дод, ки ба шаҳри саноатии Ҷизани Саудӣ зарба мезанад.
Ҳоло маълум нест, ки чанд ҳамлаи ҳавоӣ дар шимоли Яман, ҳаммарз бо давлати Саудӣ, пиёда шуд ва чанд кӯдак ба ҳалокат расид.
Вазири беҳдошти шӯришгарони Ҳусӣ гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо дастикам 43 нафар кушта ва 61 нафар захмӣ шуд. Созмони Байнлмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки кӯдакони кушташуда то даҳсола буданд.
Арабистони Саудӣ бо шарикони суннимазҳабаш се сол боз алайҳи шӯришгарони Ҳусӣ, ки бахши умдаи Яманро таҳти назорат доранд, ҷанг пеш мебаранд. Ҳусиҳо соли 2014 пойтхти Яман шаҳри Санъоро ишғол ва ҳукуматро ба фирор маҷбур карданд.
Аз замони ишғоли шимоли Яман ва пойтахти он Санъо аз тарафи Ҳусиҳо дастикам 10 ҳазор, асосан мардуми мулкӣ, кушта шуданд.