Сенаторҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод кардаанд, ки Русия "сармоягузори терроризм" эътироф шавад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 8 август бо такя ба тарҳи ин қонун гузориш дод. Шабакаи телевизионии РБК низ нусхаи ин тарҳро дастрас кардааст.
Ин ду манбаъ мегӯянд: "Қонун дар бораи ҳимояи Амрико аз таҷовузи Кремлин 2018" таъсиси сохтори ягонаи таҳримҳо алайҳи Русия - аз "Акти Магнитский" то "Қонун дар бораи муқовимат ба душманони Амрико тавассути таҳримҳо"-ро дар назар дорад.
Сухан аз боби таъсиси Маркази миллии мубориза бо таҳдидҳои гибридӣ ва "дафтари ҳамоҳангсоз" барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар робита ба таҳримҳост. Санад ҳамчунин масдуд шудани ҳисобҳои долларии шаҳрвандони Русия ва манъи амалиёти бонкии қарзи давлатии Русия ба шаҳрвандони Амрикоро пешбиниӣ мекунад.
Тарҳи қонуни нави таҳримҳо алайҳи Русия як ҳафта пеш дар ихтиёри Конгресс қарор гирифт. Ин санадро гурӯҳи сенаторҳо бо сарварии сенатори Ҷумҳурихоҳ Линдси Грэм пешниҳод карданд. Муаллифони тарҳ мегӯянд, "низоми таҳримҳо то замони даст кашидани Русия ҳамлаҳои киберӣ, хуруҷи нерӯҳояш аз Украина ва дахолат ба умури Сурия боқӣ хоҳад монд".