Дар вилояти Маскав се шаҳрванди Тоҷикистонро дар куштори як соҳибкор муттаҳам карданд. Муфаттишони раёсати аввали таҳқиқи парвандаҳои махсусан сангини раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав гуфтанд, ки нисбати як зани 22-сола ва ду марди дигари шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯи иттиҳоми “кушторе, ки аз ҷониби гурӯҳи нафарон бо машварати пешакӣ ва ғаразмандона” анҷом шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тафтишот гуфт, ки ҷинояткорон нақшаи ҳамлаву ғорат ва куштори соҳибкорро моҳи июни соли 2018 тарҳрезӣ карданд.
Фарзияи нахустини тафтишот ин аст, ки духтари тоҷик дар як тарабхонаи Маскав нахуст бо соҳибкоре шинос шудааст, ки арзиши мошинаш 6 миллион рубл баровард мешавад. Баъди ин гурӯҳи ҳамлагарон бо мақсади ба даст овардани ин мошин ва моликияти дигари соҳибкор ҷиноятро содир карданд.
Шаби 30 июн духтари тоҷик бо соҳибкор дар як минтақаи беодами деҳаи Боброво дар ноҳияи Ленин мулоқот карда дар дохили мошини ӯ нишаст. Шарикони ӯ ҳам ба он ҷо омада ба соҳибкор ҳамла карданд. Савори мошини ӯ ба ҷангале воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Инстринскии вилояти Маскав рафтанд ва дар он ҷо мардро ба қатл расониданд. Ҷасадро дар як чуқурӣ гӯр карда маҳалли ҳодисаро тарк карданд. Дар ҳамон ҷо 65 ҳазор рубл пули соҳибкорро аз худ карда, вале мошинро азхуд карда натавонистанд. Ҳамаи се гумонбар ҳоло дар ҳабс буда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад, менависад вебсайти Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав.
Исми гумонбарон дар куштор ва ҳам қурбонӣ нашр намешавад.