Як пиразан дар Ашт аз ҳисоби пасандозҳои шахсиаш пул сохт

Турсунбибӣ Одибоева, як зани бознишаста дар деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт аз ҳисоби пасандозҳои шахсиаш як пул сохтааст. Ин пули мошингузар, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи шаҳраки Шайдон мепайванда, имрӯз 8-уми август бо ширкати Зариф Мирдадо, раиси ноҳия Ашт, ифтитоҳ шудааст.

Бинобар маълумоти дафтари матбуоти ноҳия, Турсунбибӣ Одибоева 76- сола барои сохтмони ин пули мошингузар 40 ҳазор сомонӣ маблағи пасандозҳои шахсиашро харҷ кардааст. Дарозии пул 13 метр ва бараш 5 метр будааст.

Дар Тоҷикистон бо ташвиқи мақомот бархе аз сокинон бо харҷи пасандозҳои шахсии худ корҳоеоро ба мисли таъмри макатаб, тармиму асфалтпӯш кардани роҳ ва ё сохтмони пул ва кашидани хати обро иҷро мекунанд, ки аслан ӯҳдадори иҷтимоии давлат аст.

Чанде аз талабгорони зиёрати Ҳаҷҷ низ моҳи гузашта бо тавсияву ташвиқи мақомот аз сафар даст кашида, маблағи онро барои иҷрои чунин корҳои иҷтимоӣ сарф карданд. Аз ҷумла, Раҳмоналӣ Шарифов, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тасмим гирифт, ба ҷойи ба Ҳаҷ фиристодани писараш дар маҳалли зисти худ як майдончаи варзишӣ созад.