Як масъули беморхонаи ҳарбии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба иттиҳоми сӯистифода аз мақом ва гирифтани пора барои озод намудани сарбози қатории яке аз қисмҳои низомӣ, боздошт шудааст. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 8-уми август хабар дод, ки Ғиёсиддин Абдураҳмонов, муовини сартабиби беморхонаи ҳарбии шаҳри Бӯстон аз шаҳрванд "А" барои озод намудани сарбози қатории қисми низомии №04080-и вазорати мудофиа дар шаҳри Конибодоми бинобар сабаби беморӣ, 22 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ин табиб дар се ҳолат 17 ҳазор сомониро гирифта ва 5 ҳазор сомонии дигарро талаб кардааст. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ дар пайи гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ, муовини сартабиби бемористони ҳарбии Бӯстон дар дохили ошхонаи "Эҳром" дар ҳамин шаҳр ҳини гирифтани пул боздошт шудааст. Мақомоти ин ниҳод мегӯяд, ки алайҳи Ғиёсиддин Абдураҳмонов парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.