Кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба хадамоти обуҳавосанҷии Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ, қароргоҳаш дар Вашингтон, рӯзи 7 август тасмими ихтисоси қарз ва кӯмакпулии иловагӣ ба хадамоти обуҳавосанҷии ду ҷумҳурии Осиёи Марказиро эълон кард. Ин муассисаи байналмилалии молӣ дар хабари расмӣ навишт, ки ихтисоси маблағ дар ҳаҷми 11,5 миллион доллари иловагӣ, ки рӯзи 1 август тасдиқ шудааст, ба барномаи навсозӣ ё модернизатсияи бахши гидрометеорологияи Осиёи Марказӣ равона мешавад. Ин маблағ барои даcтгирии хадамоти обуҳавосанҷии Тоҷикистону Қирғизистон – ду ҷумҳурии дар баробари офатҳои табиӣ заъфпазир ва ба хотири коҳиши хатарҳои тағйироти иқлим дар оянда дода мешавад.

Тарҳе, ки соли 2011 эҷод шудааст, пешгӯии дақиқтару босифаттари вазъи обуҳаво ва тағйироти иқлим дар Осиёи Марказиро дар назар мегирад. Як ҳадафи дигари он кӯмак ба талошҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар амри ҳифзи сокинон аз таъсирҳои манфии офатҳои табиӣ мебошад. Лилия Бурунчук, раиси барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки дар 90 дар сади ҳолатҳо “хатарҳои марбут ба вазъи обуҳаво боиси фоҷеаҳои табиӣ дар ҷаҳон мешавад ва қаламравҳои муайян дар Осиёи Марказӣ ҳам истисно нестанд”.

Ӯ мегӯяд, пешгӯии саривақтӣ ва дурусти тағироти ҳаво метавонад ҷони одамони зиёдро наҷот диҳад ва ҳам ба бахши саноату кишоварзӣ мусоидат кунад, то ки бо назардошти хатарҳои тағйироти иқлим амалҳои саривақтӣ анҷом диҳанд. Бонки ҷаҳонӣ бо ҳукуматҳои ОМ дар амри беҳбуди иттилоъ дар заминаи тағйироти иқлим аз наздик кор мекунад”, гуфтааст Бурунчук.

Дар қаламрави Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон аз кишварҳои заъфпазир дар баробари хатарҳои табиии мисли обхезиҳову кӯчиши хок, хушкиҳову бодҳои тунд ба шумор мераванд.

Бар асоси иттиллои ҷамъовардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар муддати 16 сол, яъне аз соли 1997 то соли 2014, Тоҷикистон дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ 500 миллион доллар зиён дидааст ва аз ҳама бештар дар ин хисорот сел “саҳм” гузоштааст.

Солона сел ба иқтисоди Тоҷикистон 15 миллион доллар зарар мерасонидааст, баъдан хушксолӣ, ки ҳар сол мардуму ва иқтисодро аз панҷуним миллион доллар маҳрум мекардааст. Фалокати саввуми зиёновар барои Тоҷикистон заминларза будааст, ки дар натиҷаи он ҳар сол кишвар 3 миллион доллар зарар медидааст.

Бонки ҷаҳонӣ дар амри иҷрои тарҳи модернизатсияи бахши гидрометеорологияи Осиёи Марказӣ 28 миллион евро сармоягузорӣ кардааст ва ин маблағҳо ҳам барои навсозии зарфияти сохторҳои муқобилакунанда бо офатҳои табиӣ ва ҳам тамрин ва боло бурдани сатҳи иттилоъ дар ин замина масраф шудааст. Ин тарҳ, аз ҷумла ба навсозии 54 истгоҳи обуҳавосанҷӣ ва 16 истгоҳҳои санҷиши мизони об дар Тоҷикистон машғул мешавад. Бахши нави маблағҳо барои се сол пешбинӣ шуда, 2,5 миллион доллари он ба ҳайси қарз ва 9 миллион доллари дигараш ба ҳайси грант тақдим мешавад.