Ҳар нафаре, ки бо Эрон сарукор мегирад, бо ИМА бизнес нахоҳад дошт. Ин пайғомро субҳи имрӯз президенти Амрико Доналд Трамп дар Твиттер нашр кард. Трамп таҳримҳои алайҳи Эронро сахттарин таҳрими то ҳол ҷоришуда хонд. Ӯ ҳамчунин аз тадбирҳои иловагии маҳдудкунада алайҳи Эрон хабар дод, ки бояд моҳи ноябр ҷорӣ шаванд.
ИМА таҳримҳҳои алайҳи Эронро 7 август аз сар гирифт. Бинобар маҳдудиятҳо, Теҳрон ҳақ надорад доллар харидорӣ кунад ва ба тиҷорати ин кишвар бо фулузоти гаронбаҳо, аллюминий, фӯлод ва ангишт маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Иттиҳоди Аврупо аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон, ки соли 2015 имзо шуд ва лағви таҳримҳо ба ивази даст кашидани Теҳрон аз барномаҳои ҳастаиро пуштибонӣ мекунад. Рӯзи 7 август Иттиҳоди Авурупо тартиберо ҷорӣ кард, ки риояи таҳримҳои ИМА-ро лағв мекунад ва хисороти ширкатҳое, ки бинобар риоя накардани таҳримҳо зарар мебинанд, ҷуброн мешавад.
Моҳи май президенти Амрико Эронро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам кард, аз созиши ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ барун шуд ва таҳдид кард, ки таҳримҳои алайҳи Эронро дубора барқарор мекунад.