Рик Гейтс, коршарики Пол Манафорт - раҳбари пешини маъракаи интихоботии Доналд Трамп, эътироф кард, ки ҳамроҳ бо Манафорт ва бо дастури ӯ як қатор ҷиноятҳоро содир карда буд. Шабакаи телевизионии CNN рӯзи 6 август гуфт, ки Гетс ин эътирофро дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, дар Аёлати Вирҷиния баён кард.
Гейтс гуфт, ки онҳо дар бораи ҳисобҳои худ дар 15 бонки хориҷӣ ба мақомоти ИМА гузориш надоданд, ҳарчанд медонистанд, ки ин қонуншиканӣ аст. Маблағҳо ба ин ҳисобҳо "барои машваратҳои сиёсӣ ба Украина ворид мешуданд",- гуфт Гейтс. Ӯ ҳамчунин гуфт, Манафорт ба ӯ дастур дода буд, ки даромадҳои хориҷиро ҳамчун қарз гузориш диҳад, то молиёт камтар шавад.
Рик Гейтс дар қазияи сарпечии Манафорт аз супурдани молиёт ва фаъолият ба сифати агенти сабтношудаи хориҷӣ^ ба фоидаи мақомоти пешини Украина, шоҳиди калидӣ аст.
Пол Манафорт, ки як муддат раҳбари маъракаи интихоботии президент Трамп дар соли 2016 буд, ба пулшӯӣ ва тарғиби манофеи президенти пешини Украина Виктор Янукович муттаҳам мешавад. Додгоҳи ёвари Тамп 31 июл оғоз шуд ва аввалин баррасӣ дар чаҳорчӯби бозҷӯии дахолати Русия ба умури интихоботи Амрико аст.