Як бозори бузурги масолеҳи сохтмонӣ дар Суғд ба коми оташ рафт. АКС, ВИДЕО

Субҳи сешанбеи 7-уми август дар амборҳои бузурги канори мошинбозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сӯхтор сар зада, даҳҳо амбор бо масолеҳи сохтмониаш ба коми оташ рафтааст.

Соати нӯҳ, ки ба маҳали ҳодиса рафтем, оташнишонон сӯхторро хомӯш карда, бар болои алангаҳои сарзада ва лахчаҳои оташ ҳанӯзам об мезаданд. Дару бомҳои амборҳо сӯхта ва фурӯ рехта, масолеҳи сохтмонии сӯхта, аз ҷумла рангу тахтаҳо, ба чашм мерасид.

Аз манзараи ҳуснангези амборҳои сӯхта дида мешуд, ки тақрибан чизеро берун овардан аз оташ муяссар нашудааст ва ҳама масолеҳи амборҳо сӯхтаву нобуд шудаанд.

Маҳали сӯхторро, ки дар тарафи дигари як наҳри беоб ҷойгир аст, даҳҳо тан аз кормандони мақомоти итизомиву қудратӣ ва сарбозон иҳота карда буданд ва аз вуруди афроди бегона ва тамошобинон, ҷилавгирӣ мекарданд.

Султон Исломов, як масъули Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба оташнишонон соати 6 дар бораи сар задани сӯхтор занг заданд ва барои хомӯш кардани он нерӯҳоро сафарбар намуданд.

"Вақте мо ба ҷои ҳодиса ҳозир шудем, 6 амбори бузург дар коми оташ буд. Барои хомӯш кардани сӯхтор даҳҳо корманд дар 10 адад нақлиёти оташнишонии вилоятӣ ва чандин нақлиёти обкашон ҳозир шуданд ва сӯхтор дар як соат фурӯ нишонда шуд". Мусоҳибам афзуд, ки дар ҳоли ҳозир сабаби сар задани сӯхтор ва зарари расидаро ҳисоб мекунанд.

Як бозори бузурги масолеҳи сохтмонӣ дар Суғд ба коми оташ рафт

Аз манзараи ҳуснангези амборҳои сӯхта дида мешуд, ки тақрибан чизеро берун овардан аз оташ муяссар нашудааст ва ҳама масолеҳи амборҳо сӯхтаву нобуд шудаанд. Дар канори амборҳои сӯхта чизҳои беруноварда дида намешуд. Амборҳои ба коми оташрафта дар байни чандин фурӯшгоҳҳои бузург, мисли бозорҳои бузурги "Ваҳдат" ва "Баракат" ҷой гирифта, амборҳои пур аз масолеҳи сохтмонӣ ба тоҷирони маҳаллӣ тааллуқ доштанд.

Дар атрофи маҳали сӯхтор даҳҳо нафар ҷамъ омада буданд. Бархе соҳибони амборҳо буданд, ки хеле андӯҳзада ба назар мерасиданд. Чанд тоҷир дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки соҳибони амборҳо худ низ тиҷорат мекарданд ва аз сӯхтор зарарҳои бузург бардоштанд ва эҳтимол, сӯхтани захираҳои масолеҳи сохтмонӣ боиси баланд шудани қимати он дар бозори маҳаллӣ гардад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як бозори бузурги масолеҳи сохтмонӣ дар Суғд ба коми оташ рафт