Сафари аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ

Ба иттилои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, нахустин гурӯҳи 180-нафарии зоирони тоҷик рӯзи 5-уми август барои адои маросими Ҳаҷҷ озими Арабистони Саудӣ шуданд. Ин нафарон гурӯҳи нахустини теъдоди беш аз шаш ҳазории мусалмонони Тоҷикистон аст, ки имсол дар ин маросим ширкат мекунанд. Дар соли ҷорӣ нархи сафари Ҳаҷҷ 33 ҳазору 410 сомонӣ муқаррар шудааст. Панҷоҳ дарсади зоирин аз Тоҷикистонро ширкатҳои ҳавоии тоҷик ва боқимондаро ширкатҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ интиқол медиҳанд. Адои маносики Ҳаҷҷ аз 25 то 30 рӯз идома меёбад.