Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Русия хостааст, ки таҳримоти Созмони Милал ба зидди Куриёи Шимолиро риоят кунад ва ба шаҳрвандони ин кишвар иҷозаи кор дар Русия надиҳад.
Даъвати дипломатҳои амрикоӣ рӯзи 3-уми август ва баъди он садо дод, ки рӯзномаи Волл Стрит Ҷорнал навишт, Русия ба ҳазорон нафар аз шаҳрвандони дигари Куриёи Шимолӣ иҷоза додааст, ки ба он кишвар омада кор кунанд.
Ба навиштаи рӯзнома, амалкарди Русия нақзи таҳримоти Созмони Милал аст. Русия ин иддаоро рад мекунад. Волл Стрит Ҷорнал бо такя ба иттилои вазорати умури дохилӣ ва вазорати кори Русия навиштааст, ки аз моҳи сентябр 10 ҳазор шаҳрванди Куриёи Шимолӣ дар Русия сабти ном карданд ва ҳадди аққал 700 нафари онҳо имсол иҷозаи кор гирифтаанд.