Гузориш: ҷасади сайёҳони кушташударо ба сафоратҳо супурданд

Хабаргузории русии РИА Новости рӯзи 3 август гуфт, ки ҷасади чор туристи дар Тоҷикистон кушташуда ба намояндагиҳои дипломатии кишварҳояшон ба хотири интиқоли онҳо ба ватан супурда шуд. Оҷонсии русӣ ин хабарро бо такя ба манбае дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон нашр карда гуфт, ки ҷасади ду амрикоӣ ва як ҳолландиву швейсарӣ ба сафоратхонаҳои мустақар дар Тоҷикистон супурда шуданд. Ин хабарро дар сафорати ИМА дар Душанбе на тасдиқ ва на рад накарданд.

Сухангӯи сафорат Ҷефф Райденауер дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 3 август гуфт, ки ба хотири арҷгузорӣ ба дарду ғами хонаводаи кушташудаҳо онҳо ҳеҷ иттилое дар ин замина нашр намекунанд. Рӯзи 2 август дар сафорати Олмон дар Душанбе (ниҳод масъули анҷоми корҳои консулӣ бо шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ) ва ҳам мақомоти вазорати хориҷаву полиси кишвари Ҳолланд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеҷ иттилое дар заминаи интиқоли ҷасадҳо ва инчунин ҳуввияти туристони мавриди ҳамла қарор гирифта нашр намешавад. Рӯзи сешанбе як манбаъ дар сафорати Фаронса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрванди ин кишвар – туристи ҳафтуме, ки дар ҳамлаи рӯзи 29 июл тасодуфан беосеб монд, ба зудтарин фурсат ба ватан бармегардад.

Ҳамла ба 7 туристи хориҷӣ рӯзи 29 июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод. Дар натиҷа, ду шаҳрванди ИМА, як ҳолландӣ ва як швейсарӣ кушта шуда, се нафари дигар – як ҳолландӣ, як швейсарӣ ва як фаронсавӣ бо ҷароҳатҳое ҷон ба саломат бурданд. Мақомоти Тоҷикистон ва ҳам намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ аз пахши иттилоъ дар бораи ҳуввияти ин нафарон худдорӣ мекунанд. Тоҷикистон масъулияти ҳамларо ба ҲНИТ ва Эрон вогузор кард, вале гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» бо пахши навори видеоии савгандёдкунии гумонбарони ҳамла – шаҳрвандони Тоҷикистон иддао кард, ки ин ҳодисаро ин гурӯҳ анҷом додааст. Тафтиши қазия аз рӯи моддаҳои «одамкушӣ» ва «терроризм» идома дорад.