Ҳамза Тиллозода ба Туркия расид

Ҳамза Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, субҳи чаҳоршанбеи 2-юми август ба Истанбул расид. Расонаҳои наздик ба мухолифони тоҷик дар хориҷа рӯзи 2-юми август хабар доданд, Ҳамза Тиллозода ва модараш Мижгона Зайниддинова тавассути ҳавопаймои ширкати "Turkish airlines" ба хориҷ рафтанд. Ҳамза Тиллозода ва модараш рӯзи 1-уми август шиносномаи хориҷиашонро дастрас карда буданд.

Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода, фарзанди Руҳулло Тиллозода ва набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки соли 2015 аз тарси боздошт ва зиндонӣ шудан, Тоҷикистонро тарк кард ва дар хориҷ ба сар мебарад.

Иброҳим Тиллозода ба саратони узви таносул гирифтор аст ва хешовандонаш гуфта буданд, ки бояд барои муолиҷа ба хориҷа бираванд, зеро имкони муолиҷаи ӯ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аввали имсол табибони Тоҷикистон Ҳамзаро, ки чанд сол боз ба саратон мубтало аст, ҷарроҳӣ кардаанд, вале бенатиҷа.

Баъд аз онки сарнавишти кӯдаки 4-сола аз ноҳияи Ваҳдат сару садои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ монеае барои рафтани Мижгона Зайниддинова ва писараш ба хориҷ вуҷуд надорад. Онҳо ваъда доданд, ки ба зудӣ дар таҳияи шиноснома ба ин хонавода кӯмак мекунанд.