Баъди се рӯзи ҳамлаи бераҳмона ба 7 туристи хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки аз онҳо чор нафарашон кушта шуданд, президент Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ таъсис шавад. Дар ин бора рӯзи 1 август хабаргузории расмии «Ховар» хабар дод.
Ҷаласаи вижа дар ин замина рӯзи 31 июл дар Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки мақомоти Кумитаи сайёҳӣ, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Анварҷон Ализода ва роҳбарони 43 ширкати сайёҳии кишвар баргузор гардид. Дар ин ҷаласа дар баробари зарурати таъмини амнияти ҷаҳонгардони хориҷӣ, инчунин таъкид шуд, ки аз ин ба баъд «агар лозим шавад, бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин мекунад».
Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки дар кори ин шӯъбача мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб мешаванд. Мақомот мегӯянд, ки таҷрибаи кори полиси сайёҳӣ дар кишварҳои дигар ҳам амал мекунад.