Як ҳавопаймои мусофирбари ширкатҳи Aeroméxico рӯзи 31 июл дар Мексика суқут кард. "Embraer 190" бо 97 мусофир ва чаҳор узви экипаж дар масири Дуранго-Мексика парвоз мекард.
Ба иттилои расмӣ, дар натиҷа 85 нафар захмӣ шуда, касе ба ҳалокат нарасидааст.
Ҳавопаймо соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ, панҷ дақиқа баъди парвоз аз фурудгоҳи Дуранго суқут кард. Дертар мақомот хабар доданд, ки тамоми мусофирон зинда ҳастанд.
"Дар садамаи Embraer 190 касе ба ҳалокат нарасидааст", - навиштааст раҳбари аёлати Дуранго Хосе Айспиро дар Твиттер. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, мақомот ба осебдидаҳо кумак мерасонанд.