Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ширкати "Барқи тоҷик" 8,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардааст. Сулаймон Султонзода, директори ин оҷонсӣ рӯзи 1-уми август дар ҳузури хабарнигорон гуфт, тафтиши кормандони ин ниҳод дар "Барқи тоҷик" 8,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян кардаанд.
Султонзода дар ин бора шарҳи бештар надод ва гуфт, ки зарари ошкоршуда дар "Барқ тоҷик" аз ҳама бештар аст. Ӯ танҳо гуфт, ба ҷуз аз "Барқи тоҷик" инчунин дар вазорати саноат ва технологияҳои нав 6 миллион, Кумитаи андоз 3,6 миллион, вазорати рушди иқтисод ва савдо 3,3 миллион сомонӣ зарар ошкор шудааст. Оморҳои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишон медиҳад, ки аз ҳама зиёд дар "Барқи тоҷик" зарар муайян шудааст.