Гурӯҳи сайёҳони қазоқ дар пиряхҳои Қирғизистон дармонданд

Чархболи Қазоқистон дар дараи Алма-Арасан

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки як чархболи ҳомили наҷотдиҳандагон ба кумаки сайёҳоне рафт, ки пиряхи Қирғизистон дармондаанд.

"Субҳи 31 июл наҷотдиҳандагон бо чархбол ба пиряхи Скрябини Қирғизистон парвоз карданд. Бино бар фарзияҳо, дар ин пирях дар баландии 4 100 метр аз сатҳи баҳр гуруҳи сайёҳон зери сангрезиш мондаанд", - хабар дод сухангӯи кумита Руслан Имонқулов.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати гуруҳ нуҳ наҷотдиҳанда шомил ҳастанд.

Сангрезӣ дар пиряхи Скрябин, ки дар 40-километрии шаҳри Бишкек воқеъ аст, рӯзи 30 июл рух дод. Дар натиҷа як сайёҳи қазоқ кушта ва чанд тани дигар маҷруҳ шуданд.