Як сайёҳи қазоқ дар кӯҳистони Қирғизистон ҷон бохт

Деҳкадаи кӯҳистонии Қирғизистон

Дар натиҷаи сангрезӣ дар пиряхи Скрябини Қирғизистон як сайёҳи қазоқ ҷон бохтааст. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Қазоқистон 30 июл иттилоъ дод.

Ба маълумоти вазорат, дар ин ҳодиса се нафари дигар низ захмӣ шуданд, ки вазъи якеашон вазнин арзёбӣ мешавад.

Вазорат мегӯяд, вазъро пайгирӣ дорад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҷониби Қазоқистон барои интиқоли захмиён чархбол мефиристад.

Сангрезӣ дар пиряхи Скрябин, 40-километрии шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон 30 июл рух додааст.