Мақомоти Узбекистон шабакаи телевизиони хусусии STV-и Самарқандро барои нишон додани "саҳнаи ғайриахлоқӣ ва хушунат" бастанд. "Фаъолияти ин шабака барои муҳлати номуайян қатъ шуд. Телевизиони "Sevimli"-и Тошканд ҳам огоҳии қатъӣ гирифт",-менависанд расонаҳо.
Мақомот мегӯянд, дар барномаҳои телевизион STV филм ва наворҳои мусиқиеро пайдо карданд, ки зидди фарҳанги миллӣ ҳастанд ва ба тарбияи ахлоқии ҷавонон зарба мезананд. Ба гуфтаи мақомот, дар барномаҳои телевизион "саҳнаи фаҳш ва ғайриахлоқӣ" нишон дода шудааст.
Чанд ҳафта пеш телевизиони хусусии "Sevimli" расман узрхоҳӣ ва чанд кормандашро сабукдӯш кард, ки ба намоиши филми дорои саҳнаи шаҳвонӣ иҷозат дода буданд. Он замон дар телевизион як филми амрикоӣ нишон дода шуд, ки масъулони ТВ саҳнаҳои шаҳвониашро қайчӣ накарданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоиши ин филмро тариқи ТВ интиқод карданд.