Президенти Русия Владимир Путин рӯзи ҷумъа гуфт, ки раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамро барои боздид ба Маскав даъват кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters аз нишасти "Брикс" дар Йоҳанесбург гузориш дод. Путин гуфт, ки барои мулоқотҳои сатҳи олӣ бо Трамп омода аст, аммо барои шароити мусоид зарур аст.
Президенти Русия дар Африқои Ҷанубӣ бо хабарнигорон гуфт, ки музокироти телефонӣ дар байни Вашингтон ва Маскав кофӣ нест ва ҳарду тараф ба мулоқот ва баррасии мавзӯҳое мисли созиши ҳастаии Эрон ва низоҳои глобалӣ ниёз доранд.
Путин ва Трамп рӯзи 16 июл дар Ҳелсинкӣ мулоқот карданд ва ба думбол Трамп барои ин иқдом ба мавҷи интиқод дар ИМА рӯ ба рӯ шуд.