Майк Коэн: Трамп аз мулоқоти одамонаш бо Веселнитская хабар дошт

Майкл Коэн - вакили пешини президент Трамп

Вакили пешини президент Трамп Майкл Коэн гуфт, муштарии ӯ аз мулоқоти моҳи июни соли 2016-и ёваронаш бо ҳайъати Русия, ки кӯмак дар маъракаи интихоботиро пешниҳод мекард, аз қабл хабар дошт. Дар ин бора матбуоти ИМА рӯзи ҷумъа хабар дод. Коэн мегӯяд, замоне, ки Трампи хурдӣ - писари бузурги Доналд Трамп, дар ин бора ба падараш хабар дод, ӯ дар ҳамон утоқ буд.

Гуфта мешавад, ки Коэн омодааст дар ҷараёни таҳқиқи таҳти назорати прокурори вежа Роберт Мюллер, оиди дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи соли 2016, дар ин бора гузориш диҳад. Трамп қаблан гуфта буд, ки аз ин мулоқот хабар надорад.

Дар ҷаласаи бинои Трамп-Тауэр, дар Ню Йорк, писари Трамп, домоди ӯ Ҷаред Кушнер, раҳбари маъракаи интихоботии президент Пол Манафорт ва ҳуқудони бонуфуӯзи Русия Наталя Веселнитская иштирок доштанд. Дар ин мулоқот миёнрави Русия Веселнитская ба писари Трамп ваъда дод, ки ба ӯ дар бораи номзади ҳизби Демократ дар интихоботи прездентии соли 2016 Ҳиллари Клинтон, маводи бадномкунанда медиҳад.