Шумори кушташудаҳои амали террористии рӯзи 25 июл дар вилояти Ас- Сувейда, воқеъ дар ҷануби Сурия, ба 246 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории France Press бо такя ба Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия хабар дод. Аз ин теъдод 135 нафар адамони мулкӣ буданд.
Як ҳамлагари маргталаб бомбаро дар бозори серодам ба кор андохт ва дигарӣ худро дар ноҳияи ҳамсоя мунфаҷир кард. Дар чанд моҳи ахир ин аввалин ҳамлаи пурқурбонӣ дар Сурия будааст. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.
Шоми чоршанбе нерӯҳои Исроил ба мавқеи ҷангиён дар ҷануби Сурия зарба заданд. Ин ҳамла посух ба тирборони қаламрави Исроил буд. Вазорати дифои Русия барои ин ҳамла аз Исроил изҳори сипос кард.