Бархе аз қисматҳои Тоҷикистонро аз имрӯз боди ба истилоҳ ғуборолуди "афғонӣ" фаро гирифт. Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон 25-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин боди пур аз чангу ғубор аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуда, то чаҳор рӯзи дигар боқӣ мемонад. "Феълан куллияи қаламрави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ зери фишори ин ҳавои ғуборолуд қарор дорад. Аммо вилоятҳои Суғду Бадахшон аз ин бод эмин монда, он ҳатто то ба Рашт нарасидааст", гуфт хонум Байдуллоева.
Вай афзуд, ки дар пайи воридшавии ин ҳавои ғуборолуд гармии ҳаво дар вилояти Хатлон ва маркази Тоҷикистон то 5-6 дараҷа пойин рафтааст. "Мо пешгӯӣ карда будем, ки ҳаво дар Душанбе то 43 дараҷа гарм мешавад, аммо имрӯз шоҳид ҳастем, ки гармии ҳаво ҳатто то 40 дараҷа нарасид. Пешгӯии мо барои ҳафтаи наздик ин аст, ки то 5-уми август гармии ҳаво тадриҷан пойин рафта, гармии моҳи июл, ки то 45 дараҷа мерасид, такрор нахоҳад шуд", афзуд Ҷамила Байдуллоева.