Бонки миллӣ: Раҳбарони "Эсхата" ва "Имон" бинобар камбудиҳо барканор шуданд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар замони фаъолияти ду раиси бонк, камбудиҳо, аз ҷумла, додугирифти бонкӣ бо гурӯҳҳои террористиву маводи мухаддир ошкор шуд ва онҳо баъд аз гирифтани танбеҳ ва огоҳӣ, аз вазифа барканор шуданд.

Аз ҷумла, бонки "Эсхата" барои камбудиҳо 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва "Имон интернешнл" 500 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, баъди иваз шудани раҳбарон баракс муштариёни ин бонкҳо зиёд шудааст.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, 14 бонк имсол фаъолияташонро муваффақона ҷамъбаст карданд ва дурнамои низоми бонкӣ дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, ки бонкҳо аз низоми бӯҳронии се соли пеш ҳоло берун мераванд . Вай фаъолияти бонкҳои Эронро назаррас надонист ва гуфт, ки таҳримҳои Амрико ба онҳо чандон таъсир ҳам намерасонад.