Гумонбари дувуми қатли варзишгари маъруфи қазоқ боздошт шуд

Гумонбари куштори Денис Тен

Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки гумонбари дувуми куштори варзишгар маъруф Денис Тенро боздошт кард. Раққоси рӯи ях Денис Тен рӯзи 19 июл кушта шуд ва баъди як рӯз мақомот Нуралӣ Киёсови 24-сола, сокини вилояти Ҷамбулро ҳармчун гумонбар бозошт карданд. Гумонбари дуввум сокини 23-солаи вилояти Қизилорда Арман Кудойбердиев аст.

Ба маълумоти вазорат, гумонбар дар натиҷаи амалиёти муштараки фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони ин ниҳод ва пулиси шаҳри Алмато дар маҳаллаи Оқсой-2 дастгир шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар робита ба куштори варзишгар Тен бар пояи банди "куштори гуруҳӣ" парванда боз карда шудааст.

Додситони Алмато Берик Жуйриктаев рӯзи 20 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Нуралӣ Киёсов дар ҳузури вакили дифоъ гуноҳи худро ба гардан гирифт”, - афзуд додситон.

Ба маълумоти додситонӣ, ду фарди ношинос мехостанд, оинаи мошини Денисро рабоянд, аммо ӯ садди роҳи онҳо шуд. Дар ҳамин ҳолат афроди ношинос ба вай бо корд ҳамла карданд.

Денис Тен барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия аст. Вай 25 сол дошт.