Як соҳибкори тоҷик мегӯяд, тасмим гирифтааст, ки дар шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ ҳоҷатхонаҳои пулакӣ бисозад.
Озодӣ Ҳасанов, соҳибкори тоҷик, тарҳи ҳоҷатхонаҳои замонавиро ба мақомот пешниҳод кардааст ва ҳоло мунтазир аст, ки ба ӯ иҷоза бидиҳанд корашро шурӯъ кунад.
Ӯ рӯзи 19-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои сохтмон бояд идораҳои гуногун, мисли идораи беҳдоштӣ ва идораи роҳсозӣ хулоса бидиҳанд ва дар сурати дарёфти хулоса, ӯ ба сохтмони ҳоҷатхонаҳо оғоз мекунад.
“Лоиҳа бо талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ таҳия шудааст. Барои бонувон, мардон ва маъюбон ҷойҳои махсус месозем. Ҷойи дастшӯйи ва дар канори ҳоҷатхонаҳо макон барои фурӯши маҳсулоте, ки одамон ҳангоми сафар ниёз доранд, дар назар аст” - гуфт ӯ.
Вақте ҳоҷатхона ройгон аст...
Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар канори роҳҳои гуногун панҷ ҳоҷатхона бунёд шудааст ва 45 ҳоҷатхонаи дигар бояд сохта шаванд.
Ҳоҷатхонаҳое, ки ҳукумат месозад, ройгон аст, вале дар дохили шаҳрҳо ва дар канори бархе роҳҳо барои истифодаи ҳоҷатхона як сомонӣ мепардозед.
Таваҷҷуҳи соҳибкорон ба сохтани ҳоҷатхонаҳо бо ҳадафи тиҷорат иқдоми тоза ҳаст. Озодӣ Ҳасанов, соҳибкори тоҷик мегӯяд, аксари ҳоҷатхонаҳо дар роҳҳо ба он хотир зуд корнояшом мешаванд, ки истифодаашон ройгон ба роҳ монда шудааст.
Яке аз онҳоро инҷо бубинед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ҳоҷатхона ҳамеша муштарӣ дорад. Харҷашро зуд намепӯшонад, вале оҳиста-оҳиста даромад меорад. Ҳамеша инсонҳо ба он зарурат доранд. Вақте тоҷир аз он фоида мегирад, ба тозагиаш аҳмият медиҳад” - афзуд Ҳасанов.
Баҳси дастшӯӣ дар вазорати нақлиёт
Вазорати нақлиёт мегӯяд, воқеан аз чанд соҳибкори тоҷик барои бунёди ҳоҷатхона дар шоҳроҳҳои кишвар дархост гирифтааст. Хулосаи ин вазорат барои бунёди ҳоҷатхона дар канори роҳ калидӣ аст.
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, масъалаи бунёди ҳоҷатхона дар канори роҳҳоро дар вазорат баррасӣ кардаанд.
“Мо дар коллегияи вазорат супориши қатъӣ додем ва вақт ҳам муайян кардем, ки дар шоҳроҳҳо, ки аллакай сохта шудаанд ва дар тавозуни муассисаи роҳҳо ҳастанд, ҳоҷатхонаҳои замонавӣ сохта шаванд. Дар лоиҳаҳое, ки амалӣ шуда истодаанд ва амалӣ мешаванд, мо супориш додем, ки ҳоҷатхона сохта шавад. Соҳибкорон низ бисёр мехоҳанд, ки ин корро бикунанд” – мегӯяд, ӯ.
Ронандаи таксӣ: “Пеши муштарии зан хиҷолат мекашам”
Сокинон мегӯянд, зимни ҳаракат дар шоҳроҳҳо бояд соатҳо мунтазир шаванд, то ба ҷое бирасанд, ки ҳоҷатхона дошта бошад. Теъдоди дигар мегӯянд, дар баъзе ҳолат маҷбур мешаванд, дар майдони боз ва дар канори роҳ, ё пушти дарахте қазои ҳоҷат кунанд.
Занҳо дар сафар худашон шарм медоранд, ки рӯи рост дар ин бора гап зананд. Ишора мекунанд, вале бисёр вақт ҷой пайдо кардан мушкил аст
Амирҷон Баҳодуров, як ронандаи таксӣ мегӯяд, ҳангоми сафар ба минтақаҳо ҳамеша пеши мусофирони зан хиҷолат мекашад, чун ба онҳо ҷойи хилват барои қазои ҳоҷат пайдо карда наметавонад.
Ӯ гуфт: “Мардҳо парво надоранд. Ҳар ҷое пеш омад, қазои ҳоҷат мекунанд, вале барои занҳо бисёр мушкил аст. Занҳо дар сафар худашон шарм медоранд, ки рӯирост гап зананд. Ишора мекунанд, вале бисёр вақт ҷой пайдо кардан мушкил аст ”.
Камбуди ҳоҷатхонаҳо дар канори шоҳроҳҳои Тоҷикистон чанд соли ахир мояи нигаронии сайёҳон ва мусофироне ҳаст, ки аз шаҳр ба шаҳр сафар мекунанд. Соли 2016 мақомот гуфтанд, ки бар асоси Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар канори шоҳроҳҳо дар фосилаи ҳар 50 километр ҳоҷатхонае барои истифодаи сокинону меҳмонони хориҷӣ бунёд мекунанд.