Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Доналд Трамп ҳушдор додааст, ки аз сиёсати хусуматомез нисбат ба кишвараш даст кашад. Ӯ рузи 22-уми июл дар ҳамоише бо ҳузури дипломатҳои эронӣ гуфтааст, “Амрико бояд бидонад, ки сулҳ бо Эрон модари тамоми сулҳҳо ва ҷанг бо Эрон модари тамоми ҷангҳост. Бо думи шер бозӣ накунед, чун пушаймон мешавед”.
Раиси ҷумҳури Амрико моҳи майи имсол эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз созиши атомии соли 2015 бо Эрон хориҷ мешавад ва таҳримот ба зидди ин кишварро барқарор мекунад.
Эрон ин қарори Доналд Трампро башиддат танқид кард. Ба гуфтаи Ҳасан Рӯҳонӣ, фишор ба Эрон, ваҳдати миллиро дар кишвараш тақвият додааст. Ӯ дар ин нишаст гуфт, ки Амрико мехоҳад, ҳукумати исломиро дар Эрон сарнагун кунад.
Вале Майк Помпео вазири умури хориҷии Амрико чанде пеш гуфт, ҳадафи Амрико тағйир додани рафтори Эрон аст, ки ба ҳарфи мардумаш гӯш кунад. Ӯ дар мусоҳибаи рӯзи 21-уми май аз Эрон хост, фаъолиятҳои атомиашро муттавақиф кунад ва аз ҳимояти гурӯҳҳои мусаллаҳ ба мисли Ҳизбуллоҳи Лубнон даст кашад.
Майк Помпео гуфт, агар Эрон рафторашро дигар накунад, ба “таҳримоти сахттарин дар таърих дучор мешавад”.