Вазирони умури хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро барои мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ тақвият диҳанд.
Вазирони Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва муовини вазири умури хориҷии Туркманистон рӯзи 21-уми июл дар шаҳри Чолпон Атои Қирғизистон мулоқот карданд.
Дар баёнияи муштараки онҳо омадааст, ки “Тарафҳо зикр карданд, ки ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ афзоиш дода шавад.”
Намояндагони панҷ кишвар ҳамчунин ба масъалаи беҳтар кардани ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид кардаанд. Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбекистон дигар мақомоти кишварҳои минтақаро даъват кардааст, ки дар ҳамоиши иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки қарор аст, моҳи октябр дар Тошканд баргузор шавад, ширкат кунанд.