Дейвид Кайе ва СММ ҳукми Мирсаидовро маҳкум карданд

Ду масъули ҳуқуқи башари СММ ҳукми 12 соли зиндони журналист Хайрулло Мирсаидовро маҳкум карда, аз мақомот тақозо карданд, ки ин ҳукм бозбинӣ шавад. Изҳороте, ки рӯзи 20 июл аз номи Дейвид Кайе, гузоришгари вижаи СММ дар масоили озодии баён ва Майкл Форст, гузоришгари вижа оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқи инсон нашр шуд, ҳукми Мирсаидовро маҳкум мекунад. Дар изҳороти онҳо гуфта мешавад, ки “Маҳкумияти Мирсаидов баёнгари он аст, ки бар ивази мубориза бо фасод, мақомот дар Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи коррупсияро пахш мекунанд”. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки СММ ба қабои ҷиноӣ додан ба ҳуқуқи бунёдии мардум мухолифат мекунад.

Бо қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл журналист ва раҳбари гурӯҳи КВН барои нақзи се моддаи Кодекси ҷиноӣ ба 12 соли зиндони низомаш сангин маҳкум мешавад. Хайрулло Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд маҳкум ба зиндон шуд.

Ин ҳукм боиси интиқодҳои байналмилалӣ шуд.

Рӯзи 19 июл мавзӯи Мирсаидов дар ҷаласаи шӯрои САҲА дар Вена ҳам матраҳ шуд ва сафири Австрия аз номи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки Мирсаидов метавонад бозбинӣ шудани ҳукмро тақозо кунад ва додситонии кулл ҳам метавонад дурустии ҳукми содиршударо бисанҷад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 июл вакилони дифои Мирсаидов ба додгоҳи кассатсионии шаҳри Хуҷанд шикоят карда талаби бозбинӣ шудани ҳукмро пеш гузоштанд. Онҳо мегӯянд, оилаи Мирсаидовҳо 124 ҳазор сомонӣ маблағеро, ки ба унвони зарари моддӣ ба давлат дар парванда ворид шудааст, пардохт карданд ва бар асоси ин мехоҳанд, ки ҳукм аз нав баррасӣ шавад. Мирсаидов ва наздиконаш мегӯянд, ки ӯ худро бегуноҳ меҳисобад, вале ба хотири бозбинӣ шудани ҳукм ин маблағро пардохт карданд.