Кумитаи замин: "Дар гуфтугӯ бо Қирғизистон ба пешравӣ даст ёфтем". ВИДЕО

Тоҷикистон бо Қирғизистон дар самти муайян кардани хати сарҳад ба пешравие даст ёфтаанд. Мақомоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мегӯянд, Тоҷикистон ҳоло асосан бо Қирғизистон ва Афғонистон барои муайян кардани хати сарҳад гуфтугӯ дорад.

Азизмамад Каримзода, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ рӯзи 20-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон бо Қирғизистон дар самти муайян кардани хати сарҳад ба пешравие даст ёфтаанд.

Аммо ин масъули Кумитаи замин мушаххас нагуфт, ки дар ин самт ду ҷониб ба чӣ пешравие даст ёфтаанд. Ӯ танҳо гуфт, дар шаш моҳи аввали соли равон комиссияҳои ду ҷониб чанд вохӯрӣ доир карданд ва "роҳҳои ҳалли муаммоҳоро дастрас карда истодаанд."

Каримзода афзуд, соли равон комиссияҳои дуҷониба дар масъалаи муайян кардани хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду маротиба ҷамъ омада ва хулосаҳои худро ба ҳукуматҳои худ ирсол кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кумитаи замин: "Дар гуфтугӯ бо Қирғизистон ба пешравӣ даст ёфтем"

Ба қавли ҷаноби Каримзода, тибқи оморҳои ахир аз 987,5 километр хати сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон танҳо 519,9 километри он дар сатҳи роҳбарони комиссияҳои мувофиқа шудааст. Масъулини идораи Кумитаи замин дар ҳоле аз пешравӣ дар гуфтугӯ бо Қирғизистон хабар медиҳанд, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар марз чандин муноқишаҳо сар заданд.

Азизмамад Каримзода ҳамчунин гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон хати сарҳад бо Узбекистон тақрибан пурра муайян шудааст. Аз 1326 километр марз бо Узбекистон 1319 километри он дақиқ шудааст.

Муовини аввали раиси Кумитаи замин гуфт, феълан Тоҷикистон бо Афғонистон барои муайян кардани хати сарҳад гуфтугӯро шурӯъ кардааст ва комиссияи байниҳукуматӣ дар ин самт идома дорад.

Дар масъалаи марз бо Чин Азизмамад Каримзода афзуд, комиссия барои аломатгузории сарҳад корбарӣ дорад.